Қарзи об, андоз ва барқ дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Хатлон аз 319 миллион сомонӣ гузаштанд. Дар ин бора сардори Раёсати мазкур Хоҷазода Изатулло зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Бохтар. Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз ҳисоби истифодаи неруи барқ, андоз ва ҳаққи хизмати обрасонӣ бо маблағҳои калони қарздорӣ рӯ ба рӯ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, бақияи қарзи истифодаи неруи барқ бо дарназардошти солҳои пешин 79 миллиону 643,8 ҳазор сомонӣ-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, бақияи қарзи андоз дар идораҳои зертобеи Раёсат ба 36 миллиону 424,5 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.

Зикр гардид, ки бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ ба 203 миллиону 408,7 ҳазор сомонӣ расидааст.

Тибқи иттилои масъул, қарздорӣ бештар дар идораҳои зерҳавзаҳои дарёҳои Кофарниҳон ва Вахш ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳритус 29,2 миллион сомонӣ, Фархор 20,2 миллион сомонӣ, Кӯшониён 19,7 миллион сомонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ 20 миллион сомонӣ, Ёвон 15,9 миллион сомонӣ, Дӯстӣ 23,9 миллион сомонӣ ва Ҷайҳун 14,5 миллион сомонӣ қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ мавҷуд аст.

Масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон таъкид карданд, ки барои коҳиш додани ҳаҷми қарздорӣ ва беҳтар намудани сатҳи пардохтҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь