Дар вилояти Хатлон барои мубориза бо малахи марокашӣ тайёрӣ мебинанд. Пойи ин ҳашароти гиёҳхӯр имсол барвақттар ба Хатлон расид.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон вазъиятро нигаронкунанда номидааст: “Паҳншавии малах дар ҳудуди вилоят дар масоҳати 74 ҳазор гектар зиёдтар мушоҳида шудааст. Ин масоҳати бениҳоят зиёд аст”.
Малахи марокашӣ соли гузашта ба аксар шаҳру ноҳияҳои Хатлон ҳамла кард ва киштзору зироатҳои мардумро нобуд кард.
Ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазир мебошад. Имсол барои нест кардани малахи марокашӣ дар ин гӯшаи вилояти Хатлон ният доранд, ки дастгоҳ харанд.
Фаррухиддин Набизода, раиси ин ноҳия мегӯяд, “мо бояд мошинаи тамғаи “Тойота” бихарем, ки дар пушташ бояд дастгоҳи дорупошӣ дошта бошад. Мо бо корхонаи мубориза бар зидди малах мулоқот доштем, онҳо моро бо дору таъмин мекунанд”.
Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд “то аввали моҳи ҷорӣ беш аз 8140 гектар замине, ки дар он малах паҳн шудааст, дорупошӣ шуд. Барои ин кор даҳҳо адад техника ва садҳо кормандро сафарбар кардаанд”.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷуми малахҳоро ба тағйироти иқлим ва чанд омили дигари экологӣ вобаст медонанд. Ин мушкил ба амнияти хӯрокворӣ ва эътидоли иқтисодии кишвар таҳдид дорад.
Малахи марокашӣ асосан аз Афғонистон ба Тоҷикистон омад. Пештар танҳо дар ноҳияҳои наздимарзӣ дида мешуд, аммо соли гузашта то Кӯлобу Ховалинг расид ва ҳар сол миқёси зарараш бештар мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь