14 август раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид дар филиали Институти зироаткории вилояти Хатлон иштирок намуда, бо раванди ҷамъоварии ҳосили пахта шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол олимону кишоварзони филиал дар масоҳати 93 гектар пахта кишт намудаанд. Дар 10 гектари он навъҳои серҳосили «Дӯстӣ», «Нодир», «Водии заррин», «30-солагии Истиқлолият» ва дигар навъҳои ба иқлими минтақа мутобиқ тариқи технологияи кишти зери плёнка парвариш карда шудаанд.

Дар солҳои охир олимони филиали Институти зироаткорӣ дар самти ихтироъ ва ҷорӣ намудани навъҳои серҳосили пахта корҳои назаррас анҷом дода, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо тухмиҳои хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакор саҳм мегузоранд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо олимону деҳқонон ба истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил таваҷҷуҳ намуда, масъулинро ба иҷрои босифати корҳои мавсимӣ ҳидоят кард.

Тибқи маълумоти масъулин, имсол дар шаҳри Бохтар дар масоҳати 200 гектар пахта кишт гардида, кишоварзон ният доранд аз ин майдонҳо 500 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Имсол дар вилояти Хатлон дар масоҳати 118 ҳазору 161 гектар пахта кишт шудааст, ки 32 ҳазору 200 гектари он ба кишти пахтаи зери плёнка рост меояд.

Хатлон бо шароити мусоиди табиӣ ва иқлимӣ яке аз минтақаҳои асосии парвариши пахта дар кишвар ба ҳисоб рафта, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифодаи самараноки замин ва риояи технологияи парвариш барои ба даст овардани ҳосили фаровон талош доранд.

Оғози ҷамъоварии пахта марҳилаи муҳими ҷамъбасти заҳмати чандмоҳаи кишоварзон маҳсуб ёфта, ҷамъоварии саривақтӣ ва босифати ҳосил метавонад ба афзоиши истеҳсоли ашёи хоми ватанӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ мусоидат намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь