Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҳудуди вилоят 10 мошини боркаш бо 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои хориҷӣ равон карда шуд.
Тавре аз Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аз аввали мавсими содирот то имрӯз тавассути гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлон беш аз 3562 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷӣ интиқол гардидааст.
Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, қисми асосии содиротро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад, ки ҳаҷми он ба 2944 тонна мерасад. Ҳамчунин зиёда аз 226 тонна лаблабуи сурх, 73 тонна зардолу, 20 тонна олу, 22 тонна карам, 20 тонна сирпиёз ва 257 тонна дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия ва Сурия содир мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь