Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 207 ҳазору 146 нафар духтарони синну соли 10 то 14 сола бояд ба иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам, фаро гирифта шаванд, ки то рӯзи 7 Октябри соли ҷорӣ 162 ҳазору 703 нафар духтарон яъне 78,5 дарсад ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро қабул карданд
Умед Қурбонов, директори филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, гуфт, ки ҳамаи гурӯҳҳои табибон барои гузаронидани чорабинии иммунизатсионӣ омода шудаанд, бо ваксина ва таҳҷизоти зарурӣ таъминанд, кори худро босифат иҷро карда истодаанд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 408 аз 24 июли соли 2025 “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ ба зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин чорабинӣ аз санаи 1 октябри соли 2025 оғоз шуда, то 31 октябр давом меёбад.
Мақсад аз ин чорабинии иммунизатсия пешгирии бемории гарданаки бачадон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь