Аз соли 2022 то ин ҷониб дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 151 иншооти варзишӣ бо харҷи беш аз 200 миллион сомонӣ бунёд карда шуда, айни замон дар 65 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Рамазон Насриддинзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 80 дасради онҳо сохта ба истифода шудаанд.
Ӯ гуфт, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 65 иншооти гуногуни варзишӣ рафта истодаст, ки онҳо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишвар ба истифода дода мешаванд.
Айни замон дар вилояти Хатлон беш аз 4 ҳазору 200 иншооти варзишӣ ба қайд гирфита шудаст, ки дар онҳо ҳамаруза ҷавонони вилояти Хатлон ба машқу тамрин машғул ҳастанд.
Рамазон Насриддинзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон гуфт, ки аз шумораи умумии аҳолии вилояти Хатлон 1,1 миллион нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳад, ки бо дасгирии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои онҳо ҳама шароит фароҳам оварда шудааст.

Хатлон: 151 иншооти варзишӣ бунёд шуд
Блоки рекламавӣ


