Давоми 4 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани 1283 амалиёт аз ҷониби кормнадони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва шуъбаву бахшҳои он 1302 нафар барои вайрон кардани ҳифзи муҳити зист дар 9 самт ба маблағи 607 ҳазору 854 сомонӣ ҷарима кард шуданд.
Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ гуфт, ки қонуншиканиҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Шаҳритус, Ҷ.Балхӣ, Панҷ, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён ва Ҷайҳуну Бохтар ба қайд гирифта шудаст.
Ба иттилои ӯ бештари қонуншикани дар сати партов 370 ҳолат, наботот 260 ҳолат, Об 191 ҳолат, атмосфера 186 ҳолат, замин 101 ҳолат, ҳайвонот 87 ва боқи қонуншикани дар дигар самт мебошад.
Гуфта шуд, дар ин давра барои зарар расонидан ба таббиат нисбати 177 нафар шахсони масъул ва сокинон мавод тартиб дода шуд. Маблағи зарар 232 ҳазору 426 сомонӣ муоян карда шуд, ки 90 дарсади он руёнида шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь