Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон 13 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Раёсати адлияи вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.
Ба гуфтаи масъулон, аз шумораи умумии ақдҳои никоҳи ба қайд гирифташуда, 6 ҳолат ба шаҳри Бохтар ва 7 ҳолат ба ноҳияи Ёвон рост меояд.
Масъулони Раёсати адлия таъкид карданд, ки сабти давлатии ақди никоҳ дар муассисаҳои ислоҳӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо риояи ҳамаи расмиёти муқарраргардида анҷом дода мешавад.
Блоки рекламавӣ



