Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаш моҳи гузашта қонунвайронкунии зиддиинҳисориро ба маблағи 1,7 млн сомонӣ ошкор кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, аз ин маблағ ба буҷети давлатӣ маблағи 1,3 млн сомонӣ гузаронида шуд. Таъкид мешавад, ки қонунвайронкуниҳо зимни санҷишҳо ошкор шудаанд.
Инчунин, Хадамот соли гузашта 209 нархномаи хизматрасониҳои пулакиро тасвиб кардааст. Аз ҷумла ба муассисаҳои тиббӣ 13 адад ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ 103 адад ва ба соҳаҳои дигар 80 адад нархнома рабт доранд.
Блоки рекламавӣ



