Бонки миллии Тоҷикистон хабару овозаҳо дар бораи гӯё ҷойгир намудани тасвири Абуалӣ ибни Сино дар пули коғазии 200 сомонӣ дар баробари пули коғазии 20 сомониро, расман рад кард.
Ин ниҳоди масъул таъкид кардааст, ки дар ин маврид ягон корбарӣ анҷом дода нашудааст. Барои тағйир додани тасвири пулҳои коғазии миллӣ ва ҷойгир намудани тасвири Абуалӣ ибни Сино ҳам дар пули коғазии 200 сомонӣ ва ҳам дар пули коғазии 20 сомонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон корбарӣ анҷом дода нашудааст, эълон кард БМТ.
“Дар ин маврид ягон қарор қабул нагардида, зарурати гузаронидани чунин тағйирот низ дида намешавад”,- афзудааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин бора ахиран дар фазои маҷозии порсизабон хабарҳо нашр шуданд.
Блоки рекламавӣ



