Як паноҳҷӯйи тоҷикро дар Лондон бо гуноҳи қасди таҷовуз ба як духтари сездаҳсола ба 12 сол зиндон маҳкум кардаанд. Худаш гуфтааст, нисбат ба ӯ туҳмат задаанд.
Абдулманнон Алиев 50-сола аст ва моҳи июни соли 2025 бо гумони озори ҷинсии духтари ноболиғ дар дохили поезд боздошт шуда буд. Ҳукми ӯ рӯзи 23-юми июн содир шудааст.
Нашрияи “Телеграф” рӯзи 24-уми июн ҷузъиёти мурофиаро нашр кардааст. Ба навиштаи манбаъ, додгоҳ гуфтааст, Абдулманнон Алиев дар қатор (поезд) ба узвҳои маҳрамонаи духтари ноболиғ, ки танҳо сафар мекард, даст зада, кӯшидааст, ӯро таҷовуз кунад.
Алиев дар мурофиаи додгоҳӣ ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст, ӯ бемории пӯст дорад ва танҳо дар рӯ ба рӯи духтар бадани худро хорид. Додгоҳ гуфтааст, Алиев аз зумраи он касонест, ки метавонад боз ба чунин кор даст зананд ва аз ин рӯ ӯ то охири умр дар феҳрасти “ҷинояткорони ҷинсӣ” хоҳад монд.
Ба гузориши расонаҳои Бритониё, Абдулманнон Алиев дар додгоҳ ба номи Худо қасам хӯрдааст, ки ин корро накард ва дар ҳаққаш туҳмат заданд. Ӯ гуфтааст, ҳамсару шаш духтар дорад.
Мақомоти Бритониё гуфтаанд, Алиев аз ин кишвар ронда хоҳад шуд, аммо шарҳ надодаанд, ки кай.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь