Дар ин бора раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Давлатов Шаҳбоз, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир намудани ҷинояти авбошӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо мусоидати Бюрои миллии марказии Интерпол ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз давлатҳои ҳамсоя дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирод карда шуд.
Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба парвандаи ҷиноятии мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь