Шаҳрванд Саломов Фурқат Сулаймонқулович соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Дустии ноҳияи Ашт дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш шаҳрванд Ҷабборова Гулрухсор Авазовна соли таваллудаш 1978 сокини суроғаи зикршуда муноқиша намудааст. Сипас, Ҷабборова Гулрухсор бо дастаи чубин аввал ба пой ва баъдан ба сару рӯи шавҳараш задааст, ки дар натиҷаи хунравии зиёд Саломов Фурқат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Гумонбар ба хотири рӯйпуш кардани ҷиноят нишондод дод, ки гӯё шавҳараш аз зинапоя афтидааст, вале коркардҳои оперативӣ ва ташхиси криминалистӣ бо далелҳои асонок гумонбарии Ҷабборова Гулрухсор дар ҷинояти мазкур тасдиқ кард.
Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.
Блоки рекламавӣ



