24 апрел дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби соҳибкори ватандуст Хуҷамурод Азимӣ дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуд.
Иншооти навбунёд дар минтақаи саноатии шаҳри Норак, ҷойгир буда, дар он намудҳои гуногуни оби нушокӣ истеҳсол карда мешавад. Дар корхона 30 кас аз сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 15 ҳазор капсула ва 5 ҳазор зарфи оби нӯшокиро ташкил медиҳад.
Дар доираи татбиқи стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 31 адад расонида шуда, маҷмуи маҳсулоти соҳа дар панҷ соли охир ба зиёда аз 2 миллиарду 427 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 46 номгӯйи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхонаи “Глобал Инвест” дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ 7 номгӯйи маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла намудҳои оби нӯшокӣ, равған, собун, капсула, гранула (донаҳои полиэтиленӣ), микросемент ва армасетка ба намоиш гузошта шуда буд, ки дар баробари таъмини бозори дохилии кишвар ба содирот низ нигаронида шудааст.
Хуҷамурод Азимов дар баробари соҳибкори пешқадами кишвар буданаш, дар тарбияи дуруст, соҳиби маълумоти олӣ ва соҳибкасб кардани фарзандон шахси муваффақ аст. Ӯ фарзандонро ба илм аз худкардану касбомӯхтан ҳидоят кардааст. Натиҷа ҳамин аст, ки духтарон дар ҷамъият ҳар як соҳиби кори худ ҳастанд.

«Глобал Инвест» дар шаҳри Норак ифтитоҳ шуд
Блоки рекламавӣ


