Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дао моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад.
23 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку баргузор мешавад.
Пас аз ин дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, ду бозии дӯстонаи дигар анҷом медиҳад. 2 октябр шогирдони Игор Ангеловски бо дастаи мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунанд.
Омодагии дастаи яккачини Тоҷикистон ба бозиҳои дарпешистода аз 17 сентябр оғоз мешавад.
Блоки рекламавӣ



