Клуби футболи “Регар-ТадАЗ” бар тими “Мазия”-и Малдив пирӯз шуда, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27-ро ба даст овард.
Дар бозии даври муқаддамотӣ, ки дар Малдив баргузор шуд, «Регар-ТадАЗ» тими «Мазия»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳоро Озодбек Панҷиев, Шерзод Маҳамадиев ва Амирҷон Сафаров ба самар расониданд.
Ҳамин тавр, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 Тоҷикистонро ду бошгоҳ– «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода намояндагӣ хоҳанд кард.
Рақибони дастаҳои Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 20-уми август дар қуръакашии мусобиқа маълум мешаванд.
Блоки рекламавӣ



