Дастаи занонаи КМВА (Душанбе) аввалин бозии расмии худро дар доираи мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё анҷом дод. Дар бозии ифтитоҳии даври пешакии Лигаи қаҳрамонҳои занонаи AFC 2026/27 духтарони Душанбе аз дастаи “Бам Хотун”-и эронӣ бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.

Ин бозӣ 17-уми август дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Иштироки КМВА дар ин мусобиқа таърихӣ буд, зеро то ин дам ҳеҷ як клуби занонаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои клубии AFC ширкат накарда буд.

Дар бозии дигари гурӯҳи E, дастаҳои “Иттиҳод”-и Урдун ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карданд. Ҳамин тариқ, пас аз даври аввал, “Бам Хотун” бо се имтиёз дар гурӯҳ пешсаф аст. “Иттиҳод” ва “Ал-Наср” як имтиёзӣ доранд, дар ҳоле ки КМВА бе ягон имтиёз боқӣ мемонад.

Бозии навбатии КМВА 20-уми август бо “Иттиҳод” баргузор мешавад. Дар даври ниҳоии даври пешакӣ, 23-юми август, дастаи Душанбе бо “Ал-Наср” рӯбарӯ хоҳад шуд. Тибқи ҷадвали расмии Конфедератсияи футболи Осиё бозиҳои гурӯҳи E дар Ҳисор баргузор мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь