ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба 28 ҳазору 74 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2215 нафар зиёд мебошад.

Дар ин бора директори фурудгоҳ Абдурашидзода Фарҳод зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии мусофирон 14 ҳазору 390 нафар аз фурудгоҳ гусел ва 13 ҳазору 684 нафар қабул шудаанд.

Дар ин давра тавассути ширкати ҳавопаймоии «Северный Ветер» 95 парвози мунтазам анҷом дода шудааст. Аз ин шумора 57 парвоз ба Маскав, 32 парвоз ба Қазон ва 6 парвоз ба Уфа сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, даромади умумии корхона дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 5 миллиону 96 ҳазору 770 сомониро ташкил дода, ба буҷети давлатӣ 1 миллиону 102 ҳазору 600 сомонӣ пардохт шудааст. Бо вуҷуди коҳиши даромад нисбат ба соли гузашта, фаъолияти корхона бо 272 ҳазору 400 сомонӣ фоида ҷамъбаст гардидааст.

Айни замон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» 152 нафар фаъолият доранд, ки аз ин шумора 120 нафар мард ва 32 нафар зан мебошанд. Музди миёнаи меҳнати кормандон 2597 сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь