Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Серҷио Гор, фиристодаи махсуси президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар Душанберо қабул кардаанд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хабар додааст, ки дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар “дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният” баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат зикр кардаанд, ки ИМА яке аз панҷ кишвари аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон аст.
Серҷио Гор гуфтааст, ки Доналд Трамп, президенти ИМА ба талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои субот дар минтақа арҷ мегузорад. Дар хабарнома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо ИМА “дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ” мебошад.
Дар ин мулоқот зикр шудааст, ки Тоҷикистону ИМА дар чаҳорчуби созмони “С5+1” ҳамкориро идома хоҳанд дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь