Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз зиёд шудани ҳолатҳои қаллобӣ бо ваъдаи кор дар хориҷи кишвар хабар дод.
Ба гузориши ин вазорат, қаллобон “бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба боварии шаҳрвандон даромада”, бо ваъдаи кор дар хориҷ маблағашонро азхуд мекунанд.
Боймат Табаров, сокини шаҳри Бохтар ду маротиба барои кор дар Аврупо талош кард, аммо мегӯяд, фиреб хӯрд. Аввал бо ваъдаи гирифтани ҳаққи иқомат дар Литва 15 ҳазор сомонӣ ва маротибаи дуюм барои кор дар Англия қариб се ҳазор сомонӣ супорид. Пулашро бозпас гирифта натавонист.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, бори аввал тариқи Телеграм бо Далер Урунов ном шахсе шинос шуд, ки дар Русия зиндагӣ мекунад.
“Ваъда дод, ки барои ман ҳуҷҷати ҳаққи иқомат дар Латвия тайёр мекунад. Гови хонаро фурӯхтам ва ҳам пули ҷарроҳии модарамро гирифта, ба ӯ қариб 15 ҳазор сомонӣ гузарондам. Аз байн ҳафт моҳ гузашт, гӯё ширкаташон барҳам хӯрдаст ва пурра аз баҳри пули ман гузаштанд. Имрӯзу пагоҳ гуфта пули маро намедиҳанд. Адвокат гирифта ба мақомот муроҷиат кардам, як бор намояндагони додситонӣ занг заданд, дигар хабар нест”, – афзуд Боймат Табаров. Маротибаи дуюм ҳамроҳи қариб 150 нафар бояд барои кор ба Британияи Кабир мерафтанд. Ба инҳо ваъда додаанд, ки корашонро бепул иҷро мекунанд ва барояшон “дар меҳмонхонаҳои панҷситорадори Англия” ҷойи кор медиҳанд, ки маошаш “4 то 5 ҳазор фунт стерлинг” аст. Аз байн шаш моҳ гузашт, вале ба гуфтаи Табаров боз ҳам онҳоро фиреб доданд. Табаров мегӯяд, дуюм маротиба қариб се ҳазор сомонӣ харҷ кард ва касе ҳам онро барнамегардонад.
“Шартномаро бо почта равон карданд. Дидам нусхабардорӣ шуда буд. Дар матн QR-код аз ташкилот буд, онро дар телефон санҷидам, чизе нишон намедиҳад. Шубҳа дар дилам пайдо шуд, ки дар ин кор чизе нодуруст аст. Аз сабабе, ки зиёд ноумед будам чизе нагуфтам”, – афзуд ин сокини шаҳри Бохтар.” Салоҳиддин Давлатов, сокини ноҳияи Панҷ бошад аз ҷумлаи нафароне аст, ки бо ваъдаи кор дар Аврупо фиреб хӯрдааст.
Давлатов гуфт, як моҳ пеш дар саҳифаи “Гугл” эълонеро дар бораи кор дар Аврупо дид. Барояш пешниҳод кардаанд, ки дар Фаронса кори боғбонӣ ҳаст.
Барои он ки Салоҳиддин Давлатов ба кор дар Аврупо бовар кунад, барояш наворе фиристодаанд, ки гуё ба номи ӯ аз Вазорати корҳои дохилии Фаронса даъватнома омадааст. Ҳамаи ин боис шуд, ки Салоҳиддин Давлатов ба онҳо бовар кунад ва моҳи март барояшон аз Тоҷикистон қариб 19 ҳазор сомонӣ (1930 доллар) фиристад. Аз ӯ боз пул талаб карданд.
“Баъди гузарондани маблағ 3-4 рӯз гузашт, ки як коргар занг зад, ки барои ту бояд ҷойи зист гирем ва 18 ҳазор сомонии дигар зарур аст. Гуфтам, ин хел гап нест. Гуфт, пас, 8 ҳазор сомонӣ парто. Баъди он гуфт, 4 ҳазор сомонӣ фирист. Нафиристодам,” – мегӯяд Салоҳиддин Давлатов.
Ин ҳамсуҳбати мо бо пешниҳоди расид (чек) ба хабарнигорон гуфтааст, пулро ба як корти бонки “Душанбе сити” гузаронид. Маълум нест, ки қаллобон аз куҷо соҳиби корти “Душанбе Сити Бонк”-и Тоҷикистон шудаанд. Намояндагони бонк ба суолҳои мо посух надоданд.
Хабарнигорон талош кард аз тариқи Телеграм ба нафароне суҳбат кунанд, ки бо Салоҳиддин Давлатов суҳбат карда, аз ӯ маблағ гирифтаанд. Аммо ин нафарон ба суолҳои мо дар Телеграм посух надоданд. Як ҷустуҷӯи кӯтоҳ дар интернет нишон дод, ки рақами телефони ин афрод дар рӯйхати шахсони фиребгар ҷой дода шудааст. Солҳои ахир кор дар Аврупо ва Бритониё ба орзуи бахше аз сокинони Тоҷикистон табдил шуда, майли зиёди онҳо зоҳиран шароитро барои қаллобон ҳам фароҳам кардааст.
Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар ду соли ахир зиёда аз 350 тоҷикистонӣ аз фиреб хӯрданашон шикоят кардаанд. Мутахассисони ин созмон ба муҳоҷирон, аз ҷумла ба онҳое, ки хоҳиши кор дар Аврупо доранд, дар бораи муҳоҷирати бехатар маслиҳати ҳуқуқӣ медиҳанд.
Фараҳноз Ҷалилова, корманди Созмони байналмилалии муҳоҷират гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд аз рӯи ин нишонаҳо фаҳманд, ки эълони ҷойи кор дар Аврупо фиреб аст: “пеш аз ҳама дар он эълонҳо маоши хеле зиёд пешниҳод мекунанд, аз 3 то 5 ҳазор евро. Ваъда медиҳанд, ки ҷойи хоб ва хӯроки бепул медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳое ҳаст, ки мегӯянд, корфармо ба шумо билети рафту баргаштро мехарад, донистани забон зарур нест. Инчунин роҳи бо кор таъмин карданро бисёр осон нишон медиҳанд, ҳатто мегӯянд, ки мо барои шумо раводид тайёр мекунем дар муддати чанд рӯз ё як ҳафта.”
Ин мутахассис мегӯяд, шаҳрвандон пеш аз бастани шартнома ва фиристодани маблағ ба хатти оҷилии Созмони байналмилалии муҳоҷират бо рақами 900800800 тамос гиранд.
“Машваратҳо ройгон аст. Мо ҳатто метавонем ҳамон ҳуҷҷатҳоеро санҷем, ки қаллобон равон кардаанд. Вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ коргар мекобанд ин худаш хатари калон аст. Чун корфармои асосӣ ҳеч гоҳ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ коргар ҷалб намекунад. Онҳо сомонаҳои расмӣ доранд, талаботи худро доранд, масалан забондонӣ ҳатмӣ аст”, – гуфтааст Фараҳноз Ҷалилова.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь