Бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби масъулони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар об ҳамоно ба қайд гирифта мешаванд.
Бо фаро расидани рӯзҳои салқин ва тадриҷан паст шудани ҳарорати ҳаво мавсими гармо ба анҷом мерасад. Аммо хатари ғарқшавӣ дар дарёҳо, каналҳо, обанборҳо ва дигар мавзеъҳои обӣ ҳанӯз боқӣ мемонад.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунанд, ки махсусан дар рӯзҳои охири мавсими оббозӣ шаҳрвандон бояд қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд. Зеро паст шудани ҳарорати ҳаво ва об метавонад ҳангоми шиноварӣ боиси карахтшавии бадан, аз даст рафтани қувва ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ногувор гардад.
Тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи гражданӣ дар вилояти Хатлон, рӯзи 28-уми августи соли 2026, тахминан соати 15:18, ноболиғ Мираҳмадов Ф., соли таваллудаш 2009, сокини ҷамоати шаҳраки Сарбанд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.
Пас аз гирифтани хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, корҳои кофтукобии рӯизаминӣ ва зериобиро оғоз намуданд.
Ҷасади ноболиғ рӯзи 2-юми сентябри соли 2026, тахминан соати 18:35, дар масофаи 10 километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса аз ҷониби наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон пайдо гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наздикони ӯ супорида шуд.
Ҳодисаи дигар рӯзи 31-уми август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба қайд гирифта шудааст. Тақрибан соати 14:05 ду ноболиғ — Хоҷамбердиева Ш., соли таваллудаш 2016 ва Хоҷаева Ш., соли таваллудаш 2019, сокинони деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, ҳангоми оббозӣ дар канали Баҳористон ғарқ шудаанд.
Ҷасади ҳар ду ноболиғ рӯзҳои 1 ва 2-юми сентябри соли 2026 аз ҷониби наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ пайдо гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наздикони онҳо супорида шудааст.
Ин ҳодисаҳои талх бори дигар нишон медиҳанд, ки беэътиноӣ ба қоидаҳои бехатарӣ метавонад оқибатҳои ҷуброннопазир дошта бошад.
Махсусан волидон бояд фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ба онҳо фаҳмонанд, ки шиноварӣ дар дарё, канал, обанбор ва дигар ҷойҳои барои оббозӣ пешбининашуда хатари ҷиддӣ дорад.
Ҳамзамон, шаҳрвандон бояд аз шиноварӣ дар ҷойҳои номаълум ва хатарнок худдорӣ карда, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Зеро як лаҳза беэҳтиётӣ метавонад ҷони инсонро барбод диҳад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев



