Санаи 19-уми апрели соли 2026 дарёфти ҷасади сухташудаи бо қисмҳо ҷудо аз соҳили дарёи Элок дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод боз аз ваҳшонияте дарак медод, ки содиркунандааш инсон аст. Муайян кардани шахсияти ҷасад, ошкор ва дастгир намудани содиркунандаи ин кирдори ҷиноятӣ зери назорати бевоситаи роҳбарияти ВКД қарор гирифт. Дар натиҷа бо гузашти 2 рӯз аз рӯзи дарёфти ҷасад бо корбарӣ бо методҳои ошкоро ва ғайриошкорои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва сафарбарии ҳайати шахсӣ гиреҳи ҳодисаи сарбаста боз гашт.
Шахсияти ҷасад Раҷабматов Насим соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Фархор аст, ки аз 31-уми декабри соли 2025 инҷониб, аниқтараш аз рӯзе, ки ӯро ба ҳалокат расонидаанд бедарак буд. Дар содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнини истиробангез ҳамнишини ӯ Шарифзода Нурандеши Достӣ соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи кӯчаи Норакиёни шаҳри Роғун гумонбар аст.
Вобаста ба шахсияти гумонбаршуда Шарифзода Нурандеши Достӣ гуфтан ҷоиз аст, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ ва авбошӣ ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Ӯ нишондод медиҳад, ки ҳангоми сар задани ҳодисаи ҷиноятӣ шаби 31 декабри соли 2025, ҳарду дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштан ва байни онҳо муноқиша сар зада ба фоҷеаи хунин меанҷомад. Барои рӯйпуш намудани ҷиноят гумонбар ҷасадро бо истифода аз табар ва арраи оҳанбурӣ ба қисмҳо ҷудо карда қисми ҷасадро дар таҳхонаи иҷораиваш зери хок карда, қисми дигари ҷасадро дар халта ҷой намуда, дар лаби дарёи Элок воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Файзобод оварда партофтааст.
Ҷиноят ошкор ва акнун содиркунандаашро зарур аст дар назди қонун ҷавоб гуяд. Аз рӯи ҳодиса бо моддаи 104 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь