Имрӯз намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти шаҳри Бохтар ва Кӯшониён ба аёдати Сафаралӣ Файзалиев, иштирокчии ҶБВ дар солҳои 1941-1945 рафтанд.
Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ кӯмакпулӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар ба ӯ туҳфа карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирокчиёни ҶБВ дар солҳои 1941-1945 5 нафар боқӣ мондаанд.
Блоки рекламавӣ



