Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Кишваров Кишвар, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки номбурда қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шудааст.
Гумонбаршаванда санаи 20 апрели соли ҷорӣ, дар кӯчаи Зарафшон аз ҷайби як сокини 47-солаи пойтахт бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро маблағи 10 ҳазору 400 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Айни замон Кишваров К. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Блоки рекламавӣ



