Дар ноҳияи Дӯстӣ татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2026–2030 идома дошта, барои амалисозии 57 лоиҳаи он 129,7 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора раиси ноҳияи Дӯстӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузории хориҷӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла, 27,32 миллион сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, 33,4 миллион сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ, 36,885 миллион сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ва 32,1 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Тавре зикр шуд, аз 57 лоиҳаи барнома 14 лоиҳа ба маблағи 32,2 миллион сомонӣ ба рушди бахши иқтисодӣ, 27 лоиҳа бо маблағи 71,9 миллион сомонӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ва 16 лоиҳа ба маблағи 25,6 миллион сомонӣ ба рушди инфрасохтори ноҳия равона шудаанд.
Раиси ноҳия гуфт, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 як лоиҳа пурра ба анҷом расида, ду лоиҳаи дигар дар ҳоли татбиқ қарор доранд. Барои иҷрои онҳо дар маҷмӯъ 7,201 миллион сомонӣ азхуд гардидааст, ки 5,55 фоизи маблағгузории пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ба таъкиди масъулон, идомаи татбиқи босамари барнома барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дӯстӣ, беҳтар намудани инфрасохтор, ҷалби сармоя ва таъсиси имкониятҳои нави рушд мусоидат хоҳад кард.



