Аз 15 то 20 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ҳадафи баргузории ҷашнвора муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сулҳпарвару фарҳангии мамлакат ва маркази муҳими муколамаи тамаддунҳо дар доираи ташаббуси «Душанбе–шаҳри сулҳ ва тамаддуни ориё» дар соли 2026 мебошад.
Ҷашнвора ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангию маънавии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги ғании тоҷикон тавассути санъати кино мусоидат менамояд.
Тибқи иттилои манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар ин ҷашнвора 15 июн оғоз шудааст, ки то 15 сентябр давом мекунад.
Синамоҷашнвораи миллӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии синамогарони ҷавон, таблиғи беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик, таҳкими ҳамкории эҷодӣ ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь