Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ таҳти рақами 51 ба фаъолитят оғоз намуд.
Хатсайри нави автобуси барқӣ аз Дидбонгоҳ (Терминал)-и шарқӣ ба Дидбонгоҳи ғарбӣ ва баръакс ҳаракат мекунад.
Ҳаракати автобусҳои барқӣ дар ин хатсайр тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва кӯчаву хиёбонҳои Карамов, Сино, И.Сомонӣ, Ф.Ниёзӣ, Рӯдакӣ, Шоҳтемур, М.Турсунзода, Лоҳутӣ ва С.Айнӣ ба роҳ монда шудааст.
Пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ ва дигар пардохтҳои электронӣ қабул карда мешавад.
Блоки рекламавӣ



