Аз 1 то 3 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи силсилаи «Grand Slam» оид ба ҷудо баргузор мегардад. Дар рақобатҳо зиёда аз 240 варзишгар аз 34 давлат иштирок менамоянд. 30 апрел маросими қуръакашӣ доир гардида, рӯзҳои 1, 2 ва 3 май сабқатҳои асосӣ аз рӯи вазнҳои гуногун баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо аз ҳайатҳои сершумор меравад ва 40 варзишгар қувваозмоӣ мекунанд. Дар вазнҳои мардона Эмомалӣ Нуралӣ (то 66 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (то 73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг) варзишгарони асосӣ дониста мешаванд.
Ба ҳайати даста ҳамчунин Меҳрзод Суфиев, Рамзиддин Азизов, Лоиқ Қутбиддинов, Икром Шамсов, Абдуллоҳ Ориф, Ҷаҳонгир Маҷидов ва дигарон дохиланд.
Дар ҳайати занона Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Александра Кан ва Виктория Киселёва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар мусобиқа дастаҳои пешсафи ҷаҳон бо ҳайатҳои пурқувват иштирок менамоянд. Аз Фаронса варзишгарони соҳибунвон, аз ҷумла Валид Хиар, Жоан-Бенжамен Габа ва Амандин Бушар қувва меозмоянд.
Узбекистон 28 варзишгарро пешниҳод намудааст, ки қариб дар тамоми вазнҳо ҳастанд.
Русия бо 23 ҷудочӣ иштирок мекунад, ки дар байни онҳо Яго Абуладзе, Данил Лаврентев ва Карен Галстян шинохта ҳисоб мешаванд.
Муғулистон низ ҳайати пурқувват пешниҳод кард, ки Ариунболд Энхтайван ва Туменжаргал Тувшинтур аз варзишгарони асосӣ ҳисоб мегарданд.
Ҳамчунин дастаҳои Озарбойҷон, Молдова, Чин, Ҷумҳурии Корея, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва якчанд кишвари Аврупо иштирок менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь