Аз 1 то 3 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ дар шаҳри Душанбе бори сеюм Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» баргузор мегардад.
Дар Мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2026» 268 варзишгар (156 мард ва 112 зан) аз 34 давлати се қораи ҷаҳон номнавис шудаанд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 39 варзишгар (28 мард ва 11 зан) ҳастанд: Меҳрзод Суфиев, Рамзиддин Азизов, Лоиқ Қутбиддинов ва Икром Шамсов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Искандар Маҳмадхоҷазода ва Мусанниф Миробов дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ва Бинёмин Назиров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев, Бахтиёр Бозоров ва Суннатулло Мусоев дар вазни то 81кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Саидраҳим Раҳимов ва Туйчибек Шарипов дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров ва Азизҷон Акрамов дар вазни то 100 кг, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Муҳаммадрасул Давлатов, Умар Муносибов ва Мансур Раҳмонов дар вазни +100 кг байни мардон.
Ба ҳайати духтарон Нушин Ҷумъаева, Аҳлия Муъминова, Ҳоҷинисо Назарова ва Марям Назарова дар вазни то 48 кг, Суҳайло Сафарзода, Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева ва Райҳонаи Розиқзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +70 кг.
Варзишгарон дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евро аст. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро.

«Dushanbe Grand Slam 2026» доир мегардад
Блоки рекламавӣ


