3 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» ба анҷом расид.
Дар рӯзи охири мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн: -78 кг, +78 кг байни занон ва -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон қувва озмуданд.
Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 13 ҷудочӣ иштирок карданд.
Дар байни занон дар вазни +78 кг: Виктория Киселёва, дар байни мардон дар вазни -90 кг: Туйчибек Шарипов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Саидраҳим Раҳимов, Умедҷон Раҷабов, дар вазни -100: Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев, Абдулаҳад Маҷидов, Сомонӣ Кишваров, дар вазни +100 кг: Парвиз Абдураҳмонов, Хумор Муносибов, Мансур Раҳмон, Муҳаммадрасул Давлатов.
Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи мусобиқа варзишгарони тоҷик 4 медал ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медалт тилло ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медали биринҷиро сазовор гардидаанд.

Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом расид
Блоки рекламавӣ


