Бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, хабар медиҳад шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардида, дар муддати 35 сол тавонист роҳи душвор, вале пурифтихори рушду таҳкимро тай намояд.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил карда мешавад.
Расидан ба қадри истиқлол ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба самти бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаю ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.



