26 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор шуд.
‌‎ Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
‌‎ Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкории мутақобили судманд байни ду мамлакат солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд дорад. Аз ҷумла, дар се моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 119,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8,9 миллион доллар ё 8 фоиз афзоиш ёфт.
‌‎ Натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссия ба боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории судманд, фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи тарҳҳои нави муштарак ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ байни ду мамлакати дӯсту ҳамзабон мусоидат мекунад.
‌‎ Дар анҷоми ҷаласа ҳамраисони комиссия Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба имзо расониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь