Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Нисбат ба волидайни ин ноболиғон тибқи талаботи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор доранд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандон, бахусус падару модаронро пайваста даъват менамоянд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланд эҳсос намуда, ҳуқуқи онҳоро ба таҳсил риоя ва барои фаро гирифтани онҳо ба таҳсилоти ҳатмӣ мусоидат намоянд.
Блоки рекламавӣ



