Дар доираи гузаронидани мониторинги назоратӣ ва санҷиши инспексионию корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ҳасибии «Ориёнӣ», воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадӣ, 4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор М. Ҷамолов тааллуқ дорад, маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартӣ ошкор карда шуд.

Маҳсулоти мазкур дар ҳаҷми 110 кг тибқи санади дахлдор ҳамчун маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайриқобили истифода аз коргоҳ гирифта шуда, барои нобудсозӣ равона карда шуд.

Муайян гардид, ки дар дохили коргоҳ маҳсулоти гуногуни ҳасибӣ, ки бо сабаби нодуруст нигоҳ доштан сифати худро гум карда, ба талаботи регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ нест ва инчунин муҳлати истеъмоли баъзе аз онҳо гузаштааст, ошкор гардид.

Ҳамзамон аз маҳсулоти истеҳсолшаванда намунаҳо гирифта шуда, барои муайян намудани нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарӣ ба озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» ирсол гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь