Хабаргузории эронии ИСНА рӯзи 20 апрел хабар дод, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Имом Хумайнӣ ва Фурудгоҳи Меҳробод, ду фурудгоҳи асосии Теҳрон, боз шудаанд.
Созмони ҳавопаймоии кишвар хабар додааст, ки “иҷозатномаи анҷоми парвозҳои мусофирбарӣ дар фурудгоҳҳои Имом Хумайнӣ ва Меҳробод аз 20 апрел содир шудааст”.
Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврали имсол, фурудгоҳҳои ин кишвар бинобар чораҳои амниятӣ парвозҳои худро қатъ карда буданд.
Блоки рекламавӣ



