Аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки бо ташкили корхона ба истеҳсол ва фурӯши дорувориҳои гуногуни қалбакӣ ва пастсифат машғул буданд, муайян ва дастгир карда шуданд.
Ин гурӯҳи ҷиноятӣ, дар шароити ғайрисанитарӣ, бо вайрон намудани талаботи стандартҳои сифат хока ва шарбатҳои «Нурофен», «Амбробене Экстра», «Парацетамол», «Амброксол», «Лазолван», «Терафлю-М» ва дигар дорувориҳо истеҳсол мекунанд, ки асосан барои истеъмоли кӯдакони бемор пешбинӣ шудаанд.
Бо дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардидани ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, пеш аз ҳама, солимии ҷомеа ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳифз карда шуд.
Блоки рекламавӣ



