Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад.

Муовини ректори донишгоҳ Ҳемдамзода Хурсанд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 дар доираи ин ҳамкориҳо бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ зиёда аз 37 конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар бо иштироки муассисаҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ донишгоҳ 11 созишнома ва ёддошти тафоҳуми ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ба имзо расонида, барои рушди робитаҳои илмӣ ва академӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь