Додгоҳи Киев амр додааст, ки Андрей Ермак, раиси собиқи дастгоҳи президенти Украина барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад.
Дар қарори Додгоҳи олии зиддифасоди Украина, дар сурати пардохти 140 миллион гривен (қариб 3,1 миллион доллар), Андрей Ермак ҳабс намешавад, аммо ҳаққи тарки Киевро надорад.
Ермак гуфтааст вай чунин маблағ надорад, аммо умедвор аст, дӯстонаш дар ҷамъ кардани маблағ кӯмак мекунанд.
Ермак дар доираи парвандаи қонунӣ кардани 460 миллион гривен (10,4 миллион доллар) дар сохтмони шаҳраки элитии “Династия” боздошт шуд. Дар ин парванда боз шаш каси дигар, аз ҷумла Алексей Чернишев, муовини собиқи сарвазир ҳам гумонбар аст. Қазияро муфаттишони Бюрои миллии зиддифасоди Украина (НАБУ) таҳқиқ мекунанд.
Андрей Ермак, яке аз мансабдорони бонуфузи Украина, моҳи ноябри соли 2025 аз мақомаш истеъфо дод. Расонаҳо аз ӯ шахси дуюми кишвар ном мебурданд. Вай соли 2020 раҳбари дастгоҳи президенти Украина таъин ва яке аз наздики Владимир Зеленский ҳисоб меёбад.

Додгоҳи Киев раиси собиқи дастгоҳи Зеленскийро ба ҳабс гирифт
Блоки рекламавӣ


