14 ноябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни иҷрои вазифаҳо дар ҳама номинатсияҳои озмун, аз ҷумла «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти классикии тоҷик» ва «Адабиёти ҷаҳон» шинос шуд.
Масъулини комиссия, доварон ва иштирокчиён дар бораи сатҳи омодагӣ, ҷараёни пешниҳоди мавод ва муҳити озмун маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Иброз шуд, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни хонандагону донишҷӯён ба китоб ва афзоиши шумораи иштирокчиён аз он дарак медиҳад, ки озмун ба ташаккули тафаккури созанда ва пурзӯр гардидани шавқи мутолиа дар ҷомеа мусоидат намудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь