Дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо Дуглас Кларк баргузор шуд.
Дар мулоқот изҳор гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос дошта, барои таъмини шаффофият, устувории низоми молиявӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти бахши молиявӣ ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии бахши молиявӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба самти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи самараноки талаботу меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин тақвияти механизмҳои назоратӣ ва идоракунии хавфҳоро баррасӣ намуданд.
Аташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо Дуглас Кларк ҳамкории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар самти тақвияти механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва рушди муносибатҳои минбаъда судманд арзёбӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь