Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода директори кулли ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” Оуян Лунаоро қабул кард.
Дар сӯҳбат фаъолияти ин корхонаи азими саноатӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат- саноатикунонии босуръати кишвар, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории он дар ҳалли масоили иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, зимни сӯҳбат барои сафарбар намудани техникаҳои корхона дар бартараф намудани оқибати офати табиӣ изҳори сипос намуда, масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои минтақаҳои нави истихроҷи маъдан, полоишгоҳҳо, таҷдиди таҷҳизоти истеҳсолӣ, аз ҳудуди шаҳр ба дигар ҷой кӯчонидани хати барқи корхона, саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, дигар масъалаҳо матраҳ гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь