21-уми август Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун дидор кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони вохуриро бо солгарди ин ҷашни умумимиллӣ табрику таҳният гуфт.
Таъкид гардид, ки бунёди неругоҳи Роғун низ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.
Сарвари давлат шиносоӣ бо вазъи корҳо дар иншооти асрро натиҷагирӣ карда, барои вусъати корҳои созандагӣ дар назди бунёдгарони неругоҳ вазифаҳои нав гузошт.
Ба роҳбарону кормандони ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, муҳандисону мутахассисон ва бунёдкороне, ки дар ин майдони созандагӣ бо матонат ва эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат мекашанд, изҳори сипос карда шуд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар соли 2025 барои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, 8,1 миллиард сомонӣ равона намуд.
Дар соли 2026 тибқи нақша 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар 7 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст.
Умуман, аз соли 2008 то имрӯз Ҳукумати кишвар барои корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона кардааст.
Зикр карда шуд, ки ҳоло дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 расонида шудааст.
Вобаста ба Лоти 1 супориш дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун якҷо бо пудратчии Лоти 1 бояд тамоми чораҳои заруриро барои дар моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати рақами 4 амалӣ намояд.
Намояндагони масъули лоти 3 — роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун ва Ширкати Тоҷикгидроэлектромонтаж вазифадор гардиданд, ки бо вуҷуди корҳои то ҳол амалигардида, қафомониҳои ҷойдоштаро бартараф карда, суръати корҳоро боз ҳам вусъат диҳанд ва иҷрои босифату саривақтии ҳамаи корҳои мансуб ба Лоти 3-ро таъмин намоянд.
Зикр карда шуд, ки корҳои сохтмони иншооти соҳили чап, яъне Лоти 4 низ яке аз бахшҳои муҳимми лоиҳа ба ҳисоб мераванд.
Баъди суханронии Эмомалӣ Раҳмон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз руйи натиҷаи корҳо гузориш дод.



