Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз гардид.
Ба корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, бо масъулин ва сокинон оид ба татбиқи босифати лоиҳа супоришҳо дод.
Тибқи нақша дар марҳилаи аввал 3,1 километр роҳ пурра мумфарш карда мешавад. Амалисозии ин иқдом ба беҳтар гардидани вазъи роҳҳои дохилии ҷамоат ва осон шудани рафтуомади сокинон мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат ёфта, бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва саҳми сокинони ватандӯст даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва ва роҳҳо бунёду навсозӣ мешаванд.

Деваштич: Мумфаршкунии 3,1 километр роҳ оғоз шуд
Блоки рекламавӣ


