Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи соли чоруми ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад, ки 78 сол дорад ва барои гирифтани диплом таҳсил карда истодааст.
Ӯ якуми январи соли 1948 дар деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Ғаравтии ноҳияи Дӯсти таваллуд шудааст. Айни замон Ғуломҳайдар Искандаров донишҷӯи соли чоруми ихтисоси биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад.
Мавсуф аз соли 2012 дар ин донишгоҳ таҳсил карда, соҳиби се диплом шуд ва моҳҳои наздик соҳиби дипломи чорум мешавад. Номбурда нақша дорад баъди хатм таҳсилашро дар Русия идома диҳад.
Блоки рекламавӣ



