​Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric ва ташаббусҳои “сабз” дар Тоҷикистон таъин гардид.
​Дарёфти ин шаҳодатномаи байналмилалӣ нишонаи эътирофи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти тарғиби устувории экологӣ ва ташаббусҳои «сабз» мебошад.
Акнун Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсоз барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар доираи рейтинги ҷаҳонии “UI GreenMetric Sustainable University Rankings” фаъолият хоҳад кард.
Шаҳодатномаи мазкур дар доираи маросими ифтитоҳи Саммити ректорони донишгоҳҳои сабз, ки дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устовор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.” 15 апрели соли 2026 баргузор гардид, аз ҷониби. роҳбари UI GreenMetric-и Донишгоҳи Индонезия доктор Вишну Ҷувоно ба ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор тақдим карда шуд.
​Ин дастоварди бузургро ба кулли ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муборакбод мегӯем!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь