Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар канали обрасони Ёвон–Хуросон боздид намуд. Канали мазкур бар асари омадани сел дар ду мавзеъ рахна шуда, ба низоми обрасонии заминҳои кишоварзӣ таъсир расонида буд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки ин канал дар таъмини оби полезии як қисми заминҳои ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ, инчунин заминҳои кишоварзии ноҳияи Хуросон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, барқарорсозии ҳарчи зудтари он барои фаъолияти соҳаи кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.
Аз рӯи иттилои масъулин, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи системаи обёрӣ ба тағйирёбии иқлим ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар ҳавзаи дарёи дарёи Вахш корҳои барқарорсозӣ дар қитъаҳои осебдидаи канали обрасон таъмир мешаванд.
Тавре зикр гардид, то имрӯз дар мавзеи якуми осебдида наздики 90 фоизи корҳои барқарорсозӣ ба анҷом расида, дар мавзеи дуюм бошад, ин нишондиҳанда ба 50 фоиз баробар шудааст.
Айни замон барои суръат бахшидан ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ 19 адад техникаи махсус ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, даҳҳо мутахассисону коргарон ба кор ҷалб шудаанд.
Дарозии умумии канали обрасони Ёвон–Хуросон 93 километрро ташкил медиҳад ва он яке аз иншооти муҳими обрасонии минтақа ба ҳисоб меравад.
Раиси вилояти Хатлон ба масъулин дастур дод, ки корҳои барқарорсозӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шуда, то 20 май пурра мавриди истифода қарор гиранд.

Давлаталӣ Саид дар корҳои барқарорсозии канали Ёвон–Хуросон
Блоки рекламавӣ


