Имрӯз, 28 апрел, таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои марбута баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 25 апрели соли ҷорӣ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара баён гардида буданд, мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Иҷрои дурнамои кишти пахта, аз ҷумла кишти зери плёнка, кишти картошка, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва махсусан ҷамъоварии пиёз мавриди таҳлил қарор гирифт. Ҳамзамон, масъалаи ба ҳисоботи электронӣ ворид намудани маълумот дар шакли 1-ФХД (фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ) то ҳол пурра ҳал нашуда, ба масъулон дастур дода шуд, ки ин равандро ҳарчи зудтар ба низом дароранд.
Дар ҷаласа инчунин фаъолияти Ситоди «Мубориза бар зидди малах» дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Панҷ, Хуросон, Шаҳритус, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Данғара ва Восеъ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки бояд ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои парвариш ва ҷамъоварии пилла, омодагӣ ба кишти такрории зироатҳо, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар анҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешавад.

Давлаталӣ Саид бо райисони ноҳияю шаҳрҳо тариқи маҷозӣ мулоқот кард
Блоки рекламавӣ


