Имрӯз дар маркази ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии футбол фестивали бошукӯҳ бо иштироки васеи варзишгарон, кӯдакону наврасон ва дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор шуд.
Дар чорабинии идона Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, аз намоиши маҳорати варзишгарони наврас ва фазои идонаи чорабинӣ боздид ба амал овард.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи солимиву ватандӯстӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар доираи фестивал миёни дастаҳои наврасон мусобиқаҳои дӯстона баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати баланди варзишӣ ва эҳсоси дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ ва машқҳои намоишии варзишӣ ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшиданд.
Дар анҷоми фестивал ба варзишгарони фаъол, мураббиён ва иштирокчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Фестивали мазкур дар фазои дӯстиву ҳамбастагӣ баргузор гардида, ҳамчун рамзи рушди футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.

Давлаталӣ Саид ба назди мухлисони футбол рафт
Блоки рекламавӣ


