Давлаталӣ Саидов ба манзили ронандаи ҳалокшуда дар ноҳияи Панҷ Файзалӣ Раҳимов, сокини деҳаи Балхиёни ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафта, ба пайвандону наздиконаш изҳори ҳамдардӣ баён намуд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо аъзои хонаводаи марҳум таъкид намуд, ки ҷоннисорӣ ва садоқати ӯ дар иҷрои вазифаи хизматӣ намунаи ибрат буда, хотираи некаш ҳамеша гиромӣ дошта хоҳад шуд.
Давлаталӣ Саид аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаи марҳум кумакҳои пулӣ ва молӣ расонида, изҳор дошт, ки хонаводаи Файзалӣ Раҳимов минбаъд низ зери ғамхорӣ ва дастгирии доимии мақомоти давлатӣ қарор хоҳад гирифт.
Блоки рекламавӣ



