Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳ бо раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод аз лоиҳаи ангоравии даромадгоҳи шаҳри Бохтар, ки дар шоҳроҳи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ ҷойгир мебошад, боздид намуда, бо тарҳу намои пешбинишудаи он аз наздик шинос гардиданд.
Ба масъулин иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва ороишоти хоси фарҳанги тоҷикӣ зебу зинат дода мешавад. Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа боз ҳам беҳтар намудани симои меъмории шаҳри Бохтар, истиқболи шоистаи меҳмонон ва муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ мебошад.
Зикр гардид, ки корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар амалӣ гардида, зимни иҷрои онҳо ба сифати баланд, устуворӣ ва мутобиқати он ба талаботи муосири шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар ҷараёни боздид раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба лоиҳаи пешниҳодшуда баҳои мусбат дода, ҷиҳати бо сифати баланд, дар муҳлати муайян ва бо риояи меъёрҳои муосири меъморӣ ба анҷом расонидани сохтмони даромадгоҳи шаҳр ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бунёди чунин иншоот қадами муҳим дар самти ободу зебо гардонидани маркази вилояти Хатлон арзёбӣ гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳусни шаҳри Бохтар ва истиқболи арзандаи сокинону меҳмонон мусоидат хоҳад кард.



